ночорӣ — [ناچاري] 1. ноилоҷӣ, маҷбурӣ; зарурат; аз ночорӣ аз беилоҷӣ, аз ноилоҷӣ; ба ночорӣ бо ноилоҷӣ 2. маҷ. бечорагӣ, тиҳидастӣ, фақр … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
чор-ночор — [چار ناچار] хоҳу нохоҳ, ноилоҷ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
изтирор — [اضطرار] а. кит. дармондагӣ, ночорӣ, бечорагӣ; тангдастӣ; ба изтирор ноилоҷ, ночор; иҷборан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
маҷбур — [مجبور] а 1. он ки бо зӯрӣ ба коре водошта шудааст, он ки ба ғайри ихтиёр кореро мекунад, водор; ноилоҷ, ночор 2. кит., маҷ. мутеъ, фармонбардор; маҷбур кардан водоштан; зӯран кореро иҷро кунондан; маҷбур шудан ноилоҷ мондан, ночор мондан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ноилоҷ — [ناعلاج] 1. ночор, лоилоҷ; маҷбур; ноилоҷ мондан ночор мондан; маҷбур шудан 2. хоҳу нохоҳ, ногузир, аз рӯи зурурат (кардан кореро) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
базӯр — [بزور] 1. бо азобу машаққат, ба душворӣ: базӯр қадам задан 2. маҷбуран, аз рӯи маҷбурӣ, аз рӯи ночорӣ; базӯр базӯр нолидан ба азоб ва бо овози паст нола кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
баночор — [بناچار] аз рӯи ночорӣ, аз рӯи ноилоҷӣ, ноилоҷ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бечора — [بيچاره] 1. он ки барои беҳбудии кори худ чораю илоҷ надорад, дармонда; оҷиз 2. камбағал, бенаво, фақир; бепушту паноҳ: деҳқони бечора, косиби бечора, бекасу бечора, бечораю бенаво, беваву бечора 3. бадбахт, бетолеъ, шӯрбахт (бештар ҳангоми… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бечорагӣ — [بيچارگي] 1. ночорӣ, ноилоҷӣ 2. камбағалӣ, тангдастӣ, бенавоӣ, фақр 3. гуфт. касбу кори каммузду фақирона; машғулият ва зиндагии хоксорона; бечорагӣ кардан бо кори каммузд машғул будан; бо кори каммузд рӯз гузаронидан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
биззарурат — [بالضرورت] а. кит. аз рӯи зарурат, заруратан; ночор … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ